27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳот 61 ҳазору 500 истилоҳро мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор доданд

298
Дар шашмоҳаи якуми соли равон аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳот 61 ҳазору 500 истилоҳ, аз ҷумла 3 луғатнома, 17 барномаи таълимӣ ва 4 маводи таҳлилию дастурамал мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор гирифтанд. Чунин гуфт 29 июл зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Ба зикри мавсуф, Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ба роҳ мондааст.

“Кумита дар шаш моҳи соли равон ба 51 санади меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи забоншиносӣ ва танзими ҳамгунсозии истилоҳот пешниҳод намуд. Дар баробари ин, аз ҷониби бахши экспертизаи забоншиносӣ ба 19 маводи судӣ хулосаи забоншиносӣ пешниҳод карда шуд”,- гуфт О. Муҳаммадҷонзода.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар назди Кумита Комиссияи номгузорӣ барои номҳои тозаэҷод фаъолият менамояд, ки то имрӯз ба 518 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзанд хулоса пешниҳод гардид. Аз ҷумла, 19 муроҷиат аз ҷониби ақаллияти миллӣ, ба 262 муроҷиаткунанда хулосаи рад, ба 237 муроҷиаткунанда хулосаи тавсиявӣ дода шудааст, ки назар ба шашмоҳаи якуми соли 2020 48 муроҷиат зиёд мебошад.

Дар ин давра Кумита аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 23 номгузории муассиса хулоса пешниҳод намудааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво