24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Олимҷон Муҳаммадҷонзода: «Соли 2020 барои номгузории 1278 маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ хулосаи ниҳоӣ пешниҳод намудем»

267
Соли 2020 барои номгузории 1278 маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин 11 номгӯй номвожаҳои мансуб ба конҳои шимоли Тоҷикистон хулосаи ниҳоӣ пешниҳод гардид. Аз он 1279 -тоаш дастгирӣ ва 10- тоаш рад карда шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода ибрози назар намуд.

Ба зикри номбурда, ин рақам назар ба соли 2019, ки 428 номи маҳалли аҳолинишин буд, ду баробар зиёд аст.

Дар нишаст гуфта шуд, ки Кумита дар ҳамин давра, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ивази номи қуллаи Корженевский ба қуллаи «Озодӣ» ва «Қуллаи Озодӣ» ба «Сангталак», воқеъ дар қаторкӯҳи Академияи миллии илмҳо ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус»-ро таҳия намуд, ки баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Кумита тибқи нақшаи санҷишӣ ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» доир ба назорати муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо барои соли 2020, ки бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ шудааст, фаъолияти 28 субъекти хоҷагидорро мавриди санҷиш қарор дод.

Инчунин аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 4, 6 ва Гимназияи №1-и Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2, 3, 4, 5 ва Гимназияи №1-и шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор мавриди санҷиш қарор гиирфтанд, ки аз натиҷаи санҷиш ба муассисаҳои болозикр барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида муҳлат дода шуда, гузориш пешниҳод гардид.

Кумита дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардидаанд, вазъи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №17, №18, №28, №51-и шаҳри Душанбе, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод. Аз натиҷаи санҷиши ин муассисаҳо низ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда санад тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво