27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши забони давлатӣ ва дурнамои таҳкиму танзими он тавсиянома қабул кард

1638
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши забони давлатӣ ва дурнамои таҳкиму танзими он тавсиянома қабул кард 4-уми октябр бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо, олимону донишмандони донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар, ҷамъиятҳо, Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳоти Кумита ва намояндагони ВАО Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» баргузор гардид.
Конфронсро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода ифтитоҳ кард.
Дар конфронс зиёда аз 10 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ, ҳуқуқ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон зимни конфронс сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Ш.Мансурӣ ва сардори шуъбаи танзими истилоҳот Р.Зулфониён сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар як қатор давлатҳои аврупоиву шарқӣ, ба монанди Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Исроил, Канада, Чехия, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва ғайра омӯзонида мешавад ва дар бархе аз ин кишварҳо нашрияҳо бо забони тоҷикӣ табъу интишор мешаванд, ки ин аз густариши забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дарак медиҳад.
Дар интиҳо, пас аз баррасии мулоҳизаҳо ва пешниҳодот баҳри рафъи мушкилоти забон дар самти татбиқи он ва тадбирандешиҳо дар роҳи рушду густариши забони давлатӣ ва бартараф намудани монеаҳо дар ин самт, аз ҷониби ҳайати иштирокдорони конфронс тавсиянома қабул гардида, бо назардошти дурнамои таҳкиму танзими забони давлатӣ дар кишвар ва берун аз он, дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ баҳри рушду густариши забони тоҷикӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ ва мақоми он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими омӯзиши ин забон дар кишварҳои хориҷӣ ва таъсиси марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ дар дохилу хориҷи кишвар ва ҳамгунсозии истилоҳоти соҳавӣ, омӯзиши сарчашмаҳои таърихии ин забон ва дигар ҳамкорӣ дар ин самт бо баргузории силсилаи анҷуману семинарҳо ба нақша гирифта шуд.

ТАВСИЯНОМАИ
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон»
(шаҳри Душанбе, 4-уми октябри соли 2016)
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» бо назардошти рисолату мақоми таърихии забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ, инчунин мушкилоти ҳалталаби он дар тамоми самти қишри ҷомеа ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ чунин тавсия менамояд:
1) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳамкориро дар самти густариши омӯзиши забони давлатӣ мустаҳкам намуда, татбиқи чунин масъалаҳоро ҷиддӣ ба роҳ монад:
— дар санадҳои меъёрии пешбинишавандаи марбут ба сиёсати забон дар кишвар ворид намудани масъалаи дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҳама марказҳои забономӯзӣ;
— омода намудани мутахассисони соҳавии ба талаботи бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар самти истилоҳнигорӣ, фарҳангнигорӣ (бахусус фарҳангнигории электронӣ), решашиносӣ ва забоншиносии компютерӣ;
— дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани китобу дастурҳои таълимии забони тоҷикӣ аз рӯйи дараҷаҳои омӯзиш;
— зиёд кардани соатҳои таълимӣ дар факултетҳои филологӣ ва ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва филиалҳои муассисаҳои олии кишварҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд;
— ба роҳ мондани диктанти хаттӣ (ё кори хаттии дигар) пеш аз имтиҳонҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар;
— тибқи соҳаҳо ба роҳ мондани таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар.
— дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намудани омӯзиши забони тоҷикӣ ва донистани ҳатмии он барои муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ;
2) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокуратураи генералии ҶТ, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва МИМҲД шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ масъалаҳои зеринро роҳандозӣ намояд:
таҳкими мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои коргузорӣ ва номгузорӣ, аз ҷумла, таҳияи дастурамали коргузорӣ;
дастраснамоии китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ барои гурӯҳҳои тоҷикии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои ҳамсоя;
татбиқи усулҳои муосири пешрафтаи таълими забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар;
таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намудан ба масъалаҳои мубрами забоншиносии муқоисавии тоҷик, масоили суханварӣ, балоғат. вожагузинӣ ва истилоҳот;
тавсеа намудани таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ ва ба роҳ мондани таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо;
таъсис ва густариши марказҳои омӯзиши фарҳанг ва забон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ;
бо назардошти ниёзи соҳибзабонон бознашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли нашри аввал Маскав, 1969), аз ҷониби Институти забон адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ;
— фароҳам овардани шароити мусоид дар ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ҷиҳати омӯзиши забони тоҷикӣ;
— эҳёи номҳои таърихии ҷуғрофӣ ва роҳи дурусти ивази номҳои маҳалҳои аҳолинишин ва навбунёд;
— назорати ҷиддӣ намудан ба сифату сатҳ ва забони номгузории маводи истеҳсолӣ дар ширкатҳо ва назорати номгузорӣ, инчунин ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ намудани барчаспҳо, нархномаҳо ба забони давлатӣ дар ширкату ташкилотҳои истеҳсолии кишвар;
— назорати забони ВАО дар ҷумҳурӣ;
— назорати номгузории ташкилоту муассисаҳо, матни шиору овезаҳо ва лавҳаҳои муваққатии мавсимӣ ва ҳамешагии насбшаванда ва зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти муассисаҳои табъу нашри хусусӣ;
— дар мувофиқа фаъолият намудани Кумитаи андози назди ҲҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» оид ба масъалаи номгузорӣ ва таҳияву насб ва пахши рекламаҳо ба забони тоҷикӣ;
— ба роҳ мондани соатҳои таълимии Он-лайн оид ба омӯзиши забони давлатӣ ва Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ;
— назорати ҷиддӣ ҷиҳати пахшу интишори афкори соҳибзабонон ба забони тоҷикӣ аз тариқи сомонаҳои интернетӣ.
3) Дар марказҳои омӯзишӣ дар заминаи забони тоҷикӣ ба роҳ мондани омӯзиши дигар забонҳо.
4) Бо мақсади густариши забони тоҷикӣ вусъат додани таблиғи синамо, мусиқӣ ва ВАО-и миллӣ ҳамчун муаррифгари забону фарҳанг ва назорати забони филмҳои тасвирӣ ва бадеии ба тоҷикӣ баргардоншаванда.
5) Бо забони меъёрии адабии тоҷикӣ ва дар қиёс бо забонҳои хориҷӣ ба роҳ мондани ташвиқ ва таблиғи адабиёти бачагона, фолклор ва филмҳои тасвирии тоҷикӣ, инчунин, дастраснамоии аёниятҳо ба забони давлатӣ дар муассисаҳои томактабии кишвар.
6) Пешниҳоди асосноки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи таъсиси
воҳиди корӣ дар МИМҲД бо мақсади рушду густариши сиёсати
давлатӣ дар бораи забон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ин самт.
7) ба қайд гирифтани истилоҳоти соҳавии тасдиқнамудаи Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
8) Тавсияномаи мазкур бо назардошти пешниҳоду таклифҳои иштирокдорони конфронс ба вазорату идораҳои дахлдор ва дигар ташкилоту муассисаҳои масъули ватанӣ барои иҷро ирсол карда шавад.
9) Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ аз натиҷаи баргузории Конфронси мазкур ба ҲҶТ гузориш пешниҳод намуда, дар ҳамкорӣ бо намояндагони ВАО-и кишвар мақолаҳои таҳлилиро аз натиҷагирӣ ва хулосабарориву дигар масоили мубрами ба ин самт равонагардида интишор намояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво