20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи забон ва истилоҳот: «Талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» риоя намегардад»

1207
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумита барои соли 2016 доир гардид.
Ҳисоботи ҷамъбастӣ аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён шунида шуд. Дар ҳисобот зикр гардид, ки зимни санҷишҳо дар ноҳияҳои пойтахт ошкор гардид, ки қисми зиёди марказҳои хизматрасонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ҷавобгӯ набуда, барои бартараф кардани камбудиҳо 32 санади огоҳӣ ва 15 огоҳии шифоҳӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 23 260 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағҳо 18740 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин гузориши сардори шуъбаи танзими истилоҳот Р. Зулфониён оид ба вазъи таҳияи китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 3, 7 ва 9 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ, ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита барои ташхиси забоншиносӣ ва мувофиқа намудан пешниҳод гардидаанд, шунида шуд.
Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Ш. Мансурӣ ба иштирокдорон шинос карда шуд, ки он аз ҷониби ҳайати мушовара баррасӣ гардид. Ҳамзамон қарор оид ба нақшаи фаъолияти Кумита барои нимсолаи якуми соли 2017 қабул гардид.
Аз ҷониби ҳайати мушовара ҳисоботи солонаи фаъолияти Кумита барои соли 2016 қаноатбахш ҳисобида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво