ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №295 АЗ 16.06.2022 Дар бораи тадбирҳои иловагӣ зимни таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ
14780
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №295 АЗ 16.06.2022 Дар бораи тадбирҳои иловагӣ зимни таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавии корҳои сохтмонӣ Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 15 ва 55 банди 3 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сархати 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қ А Р О Р М Е К У Н А М: 1. Лоиҳаи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи лоиҳакашӣ ва сохтмони бино ва иншоот танҳо пас аз пешниҳод гардидани маълумотҳои зерин таҳия ва барои қабул пешниҳод карда шаванд: - мавҷудияти маълумотнома дар бораи набудани қарз аз андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби ширкати сохтмонӣ; - мавҷудияти маълумотномаи асоснокии лоиҳаи ангоравӣ бо нишондодҳои техникӣ - иқтисодӣ (пешакӣ); - омӯзиши вазъи молиявӣ ва имкониятҳои моддии субъектони хоҷагидоре, ки ба фаъолияти сохтмони бино ва манзилҳо машғул мегарданд. - мавҷудияти маълумот оид ба таҷрибаи сохтмонӣ ва фаъолияти иқтисодии тиҷоратӣ. - мавҷудияти суратҳисоби ҷории алоҳида дар бонкҳо барои соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъоварии маблағҳои ҳиссагузорон. - ба ширкати сохтмоние, ки бори аввал ба корҳои сохтмонӣ машғул мегардад, таҳияи лоиҳа барои сохтмони танҳо як бино (як блок). - додани бартарият ба сохтмони маҷмааи биноҳо танҳо ба ширкатҳои сохтмонии таҷрибадор ва дорои заминаи моддию техникии замонавӣ. Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ якҷо бо Раёсати назорати давлатии меъморӣ – сохтмонии шаҳри Душанбе дар муддати як ҳафта тартиби амали мазкурро, ки ба меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мухолифат надоранд, таҳия ва қабул намуда, мавриди амал қарор диҳанд. Муқаррароти дар банди 1 қарори зикргардида барои омода намудани лоиҳаи қарори сохтмони хонаҳои истиқоматии шахсӣ ва иншоотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохташаванда татбиқ намегардад. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа гузошта шавад. Рустами Эмомалӣ
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |