Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ
120.030.030.
Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,
Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:
1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии зерин тасдиқ карда шаванд:
а) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 23-03-2017) «Равшаникунонии бино, иншоот ва ҳудудҳо».
б) Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 31-21-2017) «Муассисаҳои хизмати маишии аҳолӣ».
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.
Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода
Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2017, таҳти рақами 901 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.