16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ф А Р М О И Ш аз « » ноябри соли 2017 № ш. Душанбе Дар бораи тасдиќи меъёру қоидаҳои шаҳрсозї

1220
Ф А Р М О И Ш

аз « » ноябри соли 2017 № ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ

120.030.030.

Мутобиқи моддаҳои 5 ва 13 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 4 Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №150 тасдиқ шудааст,

Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:

1. Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии зерин тасдиқ карда шаванд:
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 12-08-2017) «Дар бораи сармуҳандиси (сармеъмори) лоиҳа»;
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 12-05-2017) «Корҳои геодезӣ барои сохтмон»;
- Меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(МҚШ ҶТ 40-06-2017) «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ».
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи салоҳият вогузор карда шавад.


Раиси Кумита Ҷамшед Аҳмадзода

Фармоиш дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2017, таҳти рақами 912 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво