Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Навидҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
10 авг 2022, 09:30
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан шуъбаи Раёсати КДАМ-ро ифтитоҳ карданд
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғдро мавриди истифода қарор доданд....
-
10 авг 2022, 08:15
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан»-ро ифтитоҳ ва аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд
10 август дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд....
-
10 авг 2022, 08:10
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ «Шарафи рӯз»
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд....
-
9 авг 2022, 17:03
Қатораи мусофирбар дар хатсайри Кӯлоб–Волгоград–Кӯлоб ҳафтаи оянда ба роҳ мебарояд
16 август, соати 00:10, қатораи мусофирбари хатсайри Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб, 27 август қатораи мусофирбари хатсайри Душанбе– Волгоград–Душанбе ва 7 сентябр қатораи хатсайри Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд ба сафар мебароянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон...
-
9 авг 2022, 16:42
Тоҷикистон ва Гурҷистон масоили ба роҳ мондани алоқаи ҳавоиро матраҳ намуданд
8 август дар Тифлис мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гурҷистон Рустам Солӣ бо муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Леван Давиташвили баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд....
Лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷой
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 175 ҷойро дар заминаи лоиҳаи шуъбаи бемориҳои сироятӣ барои 200 ҷой дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.
Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.

Масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳрҳо барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 175 ҷой ба ҶСК “Корезлоиҳа” (шаҳри Душанбе, хиёбони Неъмат Қарабоев, 54/2 телефон: 233-18-73) муроҷиат намоянд.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.
Лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятӣ барои 30 ва 50 ҷой
Ба диққати масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ!
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 38 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ 20 майи соли 2020 баён доштанд, бо мақсади то ҷашни 30– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудани беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ лоиҳаҳои намунавии беморхонаи касалиҳои сироятиро барои 30 ва 50 ҷой таҳия намуда, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа намудааст.
Лоиҳаҳои кории қисмҳои нақшаи генералӣ, ҳалли меъморию тарҳбандӣ, технологӣ, конструктивӣ, шабакаҳои муҳандисӣ ва иншооти ёрирасон, ки дар нақшаи генералӣ пешбинӣ шудааст, таҳия карда шуда, аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гузаронида шуданд.
 |
 |
Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,
шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб
намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 30 ҷой ба
КВД “Лоиҳакаш” (шаҳри Душанбе, кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 4, телефонҳо:
227-78-00, 227-78-44) муроҷиат намоянд. |
Масъулини вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,
шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд вобаста ба маҳал лоиҳаи заруриро интихоб
намуда, барои дастрас намудани лоиҳаи кории беморхонаи сироятӣ барои 50 ҷой ба
КВД “Пажўҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ” (шаҳри Душанбе,
кўчаи Ш.Ҳусейнзода, 34 ошёнаи 3, телефонҳо: 227-77-60, 227-77-61) муроҷиат
намоянд. |
Пас аз интихоби лоиҳа ҷойгиронии иншоот дар маҳал тибқи тартиби муқарраргардида бо дастрасии хулосаи ҷустуҷӯҳои геологию топографӣ аз ҷониби фармоишгар тавассути корхонаҳои фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и Кумита, ки дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият менамоянд, амалӣ карда мешавад.
Барои дастрасии маълумоти иловагӣ шахсони масъул метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода, 36, бо телефонҳои 223-02-00, 227-36-59, почтаи электронии info@tajsohtmon.tj ва ё сомонаи www.tajsohtmon.tj муроҷиат намоянд.
-
Лоиҳаи иншоот
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП1059, бандҳои 4 ва 7 нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2018, №5 ва Протоколи ҷаласаи...
-
Лоиҳаҳои намунавии меҳмонхона
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 27 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои...
-
Лоиҳаҳои намунавии биноҳои истиқоматӣ
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 июни соли 2018...
БАРНОМАИ МЕЪМОР 9 ТЕАТРИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ 4,5 ХАЗОР ЧОЙИ НИШАСТ БУНЁД МЕШАВАД
"БОЗОРИ КОРВОН" БАЪДИ НАВСОЗИ ИН ГУНА МЕШАВАД
Ифтитоҳи боғи “Дунёи афсона” дар шаҳри Душанбе 19.03.2018
Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ
|
|
|
Суроға:
734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,
Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33
Факс: +992 (37) 223-02-00,
Е-mail: info@tajsohtmon.tj
|