Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши раванди рақамикунонӣ, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст ва осон гардидани кори нозирон дар самти назорати соҳаи шаҳрсозӣ, барномаи низоми иттилоотии идоравии назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонро фаъол намуд.
Дар барнома нозирони соҳаи шаҳрсозӣ маълумотро оид ба
- феҳристи иншоотҳои сохтмонӣ
-ворид намудани тамоми маълумоти иншооти сохташаванда дар ҷумҳурӣ;
-раванди ҳуҷҷатгузорӣ;
- ҳолати иҷрои корҳои сохтмонӣ;
-назорати сифати корҳои сохтмонӣ ва масолеҳи бинокорӣ;
ба таври электронӣ дарҷ мегардонанд.
Самаранокии фаъолият, бунёди босифати бинову иншоот ва бехатарии ҳаёт аз ҳадафҳои асосии портали электронӣ мебошад.