28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тавсияҳо оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус барои корхонаҳои сохтмонӣ

1406
1. Худмуҳофизатӣ
Касе, ки ба яке аз нишонаҳои (омилҳои) зерин мутобиқат мекунад, набояд ба ҳудуд ворид шавад ва бояд тавсияҳои худмуҳофизатиро риоя намояд:
- ҳарорати баланд дошта ё ба наздикӣ мубталои сулфа шуда бошад
- ба гурӯҳи осебпазир дахл дошта бошад (аз рӯи синну сол, ҳолати саломатӣ, ҳолати клиникӣ ё ҳомиладорӣ);
- бо шахси дар шароити худмуҳофизатӣ қарор дошта ё шахси осебпазир зиндагӣ кунад.

2. Чи бояд кард, агар касе бемор шавад
Агар дар раванди кор дар коргар ҳарорати баланд ё сулфа пайдо шавад, он бояд:
-фавран ба хона баргардад ва ҳаракат кунад ба ягон ашё нарасад ва аз наздик шудан ба касе худдорӣ намояд;
- сулфа ва атсаро танҳо ба маводи матоъгӣ амалӣ намояд ва онро ба сатили партовҳо партояд ё агар матоъ набошад, онгоҳ сулфа ва атсаро ба даруни оринҷ амалӣ намояд;
- ин гуна шахсон ба тавсияҳои худмуҳофизатӣ риоя намоянд ва ба кор то ба итмом расидани давраи худмуҳофизатӣ ҳозир нашаванд.

3. Чи тавр ҳозир шудан
Дар ҳамаи ҷойҳое, ки имконият ҳаст, коргарон бояд то майдони сохтмон як нафарӣ, бо истифодаи нақлиёти шахсӣ ҳозир шаванд ва дар майдони сохтмон бояд чунин шароитҳо бошанд:
- ташкили таваққуфи автомобилҳо ва дучархаҳо; намудҳои дигари нақлиёт бидуни нақлиёти ҷамъиятӣ, масалан бо савори дучархаҳо;
- дар даромадгоҳҳо ва баромадгоҳҳо таъмин намудани воситаҳои шустан ва тозакунии дастҳо (собун ва об, агар имконият набошад, бо воситаи моддаҳои безараргардон);
- усули таъмини то ба хона расонидан барои онҳое, ки агар бемор шаванд.

4. Роҳҳои даромад ба майдони сохтмон
Боздоштани роҳҳои даромад ба майдон, ба ҳама шахсон ба ғайр аз ташрифкунандагоне, ки хеле зарур мебошанд.
Муайян намудани вақти оғоз ва анҷомёбии басти кории тағйирёбанда бо мақсади ба ҳадди ақал расонидани ҷамъшавиҳо ва муоиширати коргарон;
Мониторинги нуқтаҳои даромад ба майдон барои воридшавии фосилавӣ ва агар имконпазир бошад кам кардани шумораи даромадгоҳҳо баҳри осон намудани кори мониторинг.

Аз ҳамаи коргарон талаб намудани шустани дастҳо ё безараргардонии онҳо пеш аз даромад ё баромадан аз майдон.
Таъмин намудани масофаи басандаи (ду метр) байни одамон, ки интизори даромадан ба майдон мебошанд.
Мунтазам тоза намудани сатҳҳои умумии расишӣ дар ҳама ҷойҳо, масалан, турникетҳо, гӯшакҳои телефонҳо, мизҳо, хусусан дар давраи истифодабарии бисёркаратаи онҳо.

Кам намудани шумораи одамоне, ки дар майдон ҳозир мебошанд ва аз рӯи имконият дар кӯча нигоҳ доштани онҳо.
Ронандаҳо бояд дар дохили воситаҳои нақлиёт (агар фаъолияти онҳо ба ин имкон диҳад) монанд ва пеш аз фаровардани молҳо ва масолеҳ дастҳояшонро шуянд ё безарар гардонанд.

5. Шустани дастҳо
Агар дар майдон нуқтаҳои шустан дур бошанд ва ё шумораи ҳайати шахсӣ бисёр бошад, воситаҳои иловагӣ барои шустани дастҳо таъмин карда шавад.
Бояд боварӣ ҳосил намуд, ки собун ва об ҳама вақт дастрас ва доимо таъмин карда мешаванд.
Дар ҷойҳое, ки воситаҳо барои шустани дастҳо мавҷуд набошанд, воситаҳои безараргардонӣ пешниҳод карда шаванд.
Воситаҳо барои шустани дастҳо мунтазам тоза карда шаванд ва захираи собуну воситаҳои базараргардонӣ тафтиш карда шаванд.
Қуттиҳои партов барои сачоқҳои қоғазӣ бо мунтазам холӣ ва дур кардани онҳо таъмин карда шаванд.
Дар майдонҳо захираҳои иловагии собун, воситаҳои безараргардонӣ барои дастҳо ва сачоқҳои қоғазӣ зарурият доранд ва онҳо бояд дар ҷойи бехатар нигоҳ дошта шаванд.

6. Ҳуҷраи халоҷо
То ҳадди имкон маҳдуд намудани шумораи одамоне, ки аз халоҷо ҳар вақт истифода менамоянд. Шустани дастҳо то ва пас аз истифодабарии халоҷо.
Реҷаи тозакунии ҳуҷраи халоҷо, хусусан дастаи дарҳо, қуфлҳо ва нишастгоҳи халоҷо беҳтар карда шавад.
Аз рӯи имконият ҳуҷраҳои халоҷоҳои сайёр истифода нашаванд, вале дар ҷойҳое, ки онҳо заруранд ва истифода карда мешаванд, бояд зуд зуд тоза ва холӣ карда шаванд.
Қуттиҳои партовҳои муносиб бо шумораи басанда барои сачоқҳои қоғазӣ бо холикунӣ ва дуркунии мунтазами онҳо таъмин карда шаванд.

7. Ошхонаҳо
Новобаста аз он, ки дар майдонҳои сохтмонӣ талабот ба гармкунии хӯрок ва тайёркунии нӯшокиҳои гарм мавҷуд мебошанд, вақте, ки истифодабарии воситаҳо барои нигоҳ доштани тозагии таҷҳизот дар байни истифодабарандагон ғайриимкон аст, чойникҳо, бухориҳои микромавҷӣ ва ғайра, бояд истифода нашаванд,
Коргарон вақте, ки ба кор меоянд, бояд хӯрокашонро биёранд ва аз мағозаҳои маҳаллӣ истифода набаранд,
Ҷойҳои хӯрокхурӣ бо назардошти кам кардани миқдори партовҳои хурока ва ифлосшавӣ муайян карда шаванд.
Вақти танаффус, бо назардошти кам кардани ҷамъшавиҳо ва расишҳо дар ҳамаи вақтҳо бояд тағйирёбанда бошад.
Воситаҳои шустани дастҳо ва безараргардонӣ бояд дар даромадгоҳи ҳамаи ҳуҷраҳое, ки одамон хӯрок мехуранд, дастрас бошанд ва аз тарафи коргарон ҳангоми даромад ва баромад истифода карда шаванд.
Бояд коргарон хӯрокҳои пешакӣ тайёркардашуда ва зарфҳои бисёркаратаи нушокиҳоро аз хонаашон биёранд.
Коргарон бояд ҳангоми хуроки нисфирӯзӣ дар масофаи 2 метр аз якдигар бишинанд ва аз ҳама гуна расишҳо худдорӣ намоянд,
Агар хӯрок дар ҷойи кор пешниҳод карда шавад, мавод бояд пешакӣ тайёр ва бастубандшуда бошад.
Зарфҳои ошхонагӣ ва ғайра набояд истифода карда шаванд.
Оби нӯшокӣ бояд бо чораҳои беҳтаркардашудаи тозакунӣ таъмин бошад.
Мизҳо бояд дар байни ҳар як истифодабарӣ тоза карда шаванд.
Ҳамаи минтақаҳои барои хурокхурӣ истифодашаванда пас аз ҳар як танаффус ва баст бояд тоза карда шаванд, аз ҷумла миз, дастакҳои дар ва ғайра.

8. Ҷои либоскашӣ, оббозӣ ва хушккунӣ
Вақти оғоз ва анҷоми оббозикунӣ бо мақсади аз байн бурдани одамтанбашавӣ ва наздикшавии одамон дар вақтҳои мувофиқ муайян мегарданд.
Тозакунии пурраи ҳамаи утоқҳо дар давоми рӯз ва охири рӯз ташкил карда шавад.
Бо назардошти андозаи ҳар як иншоот, муайян карда шавад, ки чанд нафар дар як вақт ҳангоми нигоҳ доштани масофаи ду метрӣ кор карда метавонад.
Қуттиҳои партовпартоии мувофиқ дар ин ҷойҳо бо тозакунӣ ва бартарафкунии мунтазам таъмин карда шаванд.

9. Дурӣ ҷустан аз якдигар ҳангоми наздик кор кардан
Ҳолатҳои мешаванд, ки коргарон наметавонанд аз ҳам бо андозаи ду метр масофагирӣ намоянд.
Корҳои ҷисмоние, ки робитаи зичи байни коргаронро талаб менамояд бояд иҷро карда нашаванд.

Асбобҳои истеҳсолии истифодаи бисёркарата бояд пас аз истифода хуб тоза карда шаванд ва байни коргарон набояд тақсим шаванд.
Асбобҳои истеҳсолии истифодаи яккарата бояд партофта шаванд, то ки онҳоро натавонанд такроран истифода намоянд.
Зинапояро нисбати лифтҳо ё болобарҳо бояд бештар истифода бурд.
Дар он ҷое, ки лифтҳо ё болобарҳо истифода мешаванд:
- қобилияти гузариши онҳо кам карда шавад (барои кам кардани издиҳоми одамон ва наздикшавии онҳо);
- нуқтаҳои расиш (дар, тугмаҳо, монеаҳо ва ғайра) бояд мунтазам тоза карда шаванд;
- ҳавоивазкунӣ дар утоқҳои маҳкам зиёд карда шавад;
- қисми дохилии воситаҳои нақлиёт ва ҷузъҳои истифодабарии он мунтазам тоза карда шавад.

10. Вохурӣ дар майдони сохтмон
Бояд танҳо иштирокчиёни лозимӣ дар вохурӣ ҳузур дошта бошанд.
Иштирокчиён бояд аз якдигар дар масофаи ду метрӣ истанд. Ҳавои ҳуҷраҳо бояд хуб иваз карда шаванд, тирезаҳо бояд кушода бошанд, то ки гардиши ҳавои тоза таъмин карда шавад.
Дар ҷое, ки имкон дорад, имконияти гузаронидани вохурӣ дар майдонҳои кушод ба назар гирифта шавад.

11. Рӯбучин кардан
Бояд расмиёти васеи тозакунӣ барои тамоми иншоот ташкил карда шавад, ба хусус дар ҷойҳои истифодаи умум ва дар ҷойҳои расишу наздикшавӣ, аз ҷумла:
- кранҳо ва маводҳои шустушӯӣ;
- ҳоҷатхона ва обпартоҳо;
- дастаҳои дар;
- дастқапакҳо дар зинапоя ва роҳравҳо;
- лавҳаҳои идораи болорав ва поёнфаро;
- мошин ва таҷҳизотҳои идоракунанда;
- таҷҳизоти пухтупаз;
- таҷҳизоти телефонӣ;
- клавиатура, дастгоҳҳои нусхабардор ва дигар техникаи идоравӣ; нуқтаи ҷамъшавӣ ва нигоҳдории ахлот бояд мунтазам дар давом ва охири ҳар рӯз холӣ карда шаванд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво