26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Доир ба таҳияи лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳти роҳбарии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд

403
Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҳияи лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳайати олимони забоншиноси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва омӯзиши лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос ва олимон таҳия гардида буд, супориш гирифта, ҳамзамон вазифадор карда шуд, ки таклифу пешниҳодоти мутахассисони забондон ва кафедраҳои забоншиносии мактабҳои олии мамлакатро дар муддати ду ҳафта мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг оид ба ислоҳи камбудиҳову мушкилоти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён гардида буд, таъсис дода шуд.

Баъди муҳокимаи ниҳоӣ лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво