19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ВАЗЪИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ВАО». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад

506
20 июни соли равон, соати 9 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ 40) таҳти унвон «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони конференсия ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 ба қатори мақомоти санҷишгар дохил шудааст ва дар се сол як маротиба вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон санҷида мешаванд.

Кумитаи мазкур тибқи нақшаи санҷишӣ, ки дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни мазкур тасдиқ шудааст, соли 2018 як қатор рӯзномаҳои давлативу мустақилро мавриди санҷиш қарор дода, ба ҳар як рӯзнома хулоса аз натиҷаи санҷишро фиристод. Дар робита ба вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВАО 2 майи соли равон хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода ҳамсуҳбат гардид. (Ниг: «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат»; АМИТ «Ховар», 2 майи соли 2019).

Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни суҳбат зикр кард, ки дар ин давра вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусан, фаъолияти коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овози», «Народная газета», «Тоҷикистон», «СССР» ва ғайраҳо мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз натиҷаи санҷиш ба идораҳои мазкур хулосаи Кумита пешниҳод гардид.

Дар ниҳояти суҳбат Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода таъкид намуд, ки вазифаи намояндагони ВАО ҳамчун таблиғгарони асосии забони меъёр ҳифзи асолату тозагии забон мебошад. Агар намояндагони ВАО ба ғалатнависиҳо роҳ диҳанд ё қоидаҳои имлои муқарраршударо риоя накунанд, хонандаву бинандаву шунаванда раҳгум мезананд. Ба ҳамин хотир нақши ВАО, хусусан маҷаллаю рӯзномаҳо дар рушди забони давлатӣ хеле назаррас бояд бошад.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво