БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Роҳи деҳаи Пайканди шаҳри Турсунзода мумфарш гардид
316
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми ватандӯсту ободгари деҳаи Пайканди Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ роҳи байнидеҳавиашонро дар масофаи 1 километр асфалтпӯш намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Мумфарш намудани роҳи мазкур бо ибтикори раиси деҳаи Пайканд Имомалӣ Ҳамроев ва сарпарастии ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва дастгирии Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода амалӣ гардид. Барои анҷоми ин кори нек аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр техникаҳои Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд ва корҳо бо сифати баланд анҷом дода шуданд. Дар мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Турсунзода саҳми кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр калон аст. Сармуҳандиси ин муассиса Амиралӣ Носиров гуфт, ки “ба мумфарш намудани роҳи маҳаллии деҳаи Пайканд 5 техника сафарбар гардид ва як километр роҳ бо сифати хуб мумфарш карда шуд. Ҳамчунин соли 2022 аз тарафи кормандони ин муассиса 170 километр роҳҳои шаҳри Турсунзода таъмири ҷорӣ ва 23 километр асфалтпӯш карда шуданд”.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |