17 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. 5 км роҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд

139
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. 5 км роҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода мумфарш карда шудДар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 5 км роҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода аз ҳисоби соҳибкорону сокинони деҳа мумфарш карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Турсунзода Саидамин Остоназода иброз намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст, ки тибқи он дар 45 мавзеъ зиёда аз 120 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ асфалтпӯш карда мешаванд. Хушбахтона, то имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 20,9 километр роҳҳо бо саҳми сокинону соҳибкорон ва мақомоти иҷроия мумфарш карда шуданд. Мумфаршкунии роҳҳои нақшавӣ то охири фасли тирамоҳ муташаккилона идома мекунад.

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. 5 км роҳи деҳаи Шаҳрисабзи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд


Дар мумфаршкунии роҳҳои шаҳри Турсунзода саҳми кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр калон аст. Тибқи иттилои сармуҳандиси ин муассиса Амиралӣ Носиров, имрӯзҳо 5 техникаи ин муассиса ба мумфарш намудани роҳҳои ҷамоатҳои деҳоти шаҳр сафарбар гардидаанд. Ҳамчунин то имрӯз аз тарафи кормандони ин муассиса 165 километр роҳҳои шаҳри Турсунзода таъмири ҷорӣ карда шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво