29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бо саҳми оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертути шаҳри Леваканд мумфарш мегарданд

288
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ- оилаи Соҳибовҳо беш аз 13 км роҳҳои деҳаи Зағертут мумфарш мегарданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳоло дар деҳаи Зағертут корҳои роҳсозӣ босуръат идома дошта, сохтмончиён талош доранд, ки роҳи мазкурро дар кӯтоҳтарин фурсат бо сифати баланд мумфарш намуда, ба истифода диҳанд.

Ҳамчунин барои дар муддати кӯтоҳтарин ба итмом расидани сохтмон ва ҳамворнамоии роҳҳо ба кумаки соҳибкорон Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант бо кормандон ва техникаҳои роҳсозӣ сафарбар гардида, корҳо авҷи бештар ёфтаанд.

То имрӯз дар деҳоти Леваканд аз ҷониби соҳибкорон беш аз 6 км роҳ мумфарш гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии боз садҳо км роҳҳо идома дошта, ин ҳама бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво