6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар 45 мавзеи шаҳри Турсунзода ба масофаи 130 километр роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ таъмир мешаванд

235
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар 45 мавзеи шаҳри Турсунзода ба масофаи 130 километр роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ таъмир мешавандБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мумфаршкунии роҳи мошингарди кӯчаи Садриддин Айнии маркази шаҳр аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода оғоз гардид. Дар ин бора сардори муассисаи мазкур Ҳокимҷон Гадоев ба мухбири АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.

Дар доираи тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири роҳҳои маҳаллии байнидеҳавӣ дар 45 мавзеъ бо масофаи 130 километр ба нақша гирифта шудааст. Танҳо соли равон дар масофаи 2,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ ва дар 21 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаш моҳи соли равон 33 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, зиёда аз 21 км роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

То охири соли равон боз 40 км роҳҳои шаҳр таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 км дигар таъмири ҷорӣ карда мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво