23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Турсунзода 1000 метр ҷӯйбор бетонӣ гардонида шуд

239
Дар кӯчаи ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Турсунзода 1000 метр ҷӯйбор бетонӣ гардонида шуд. Амали мазкур дар ин кӯча ва дигар минтақаҳои шаҳр идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар шаҳр бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, амалҳои ободонӣ, аз ҷумла таъмири роҳу ҷӯйборҳо вусъати тоза гирифта, муташаккилона идома доранд.

Соли равон дар шаҳри Турсунзода мумфаршкунии 30 км роҳҳои байнидеҳавӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт низ вусъат меёбанд.

Сокинони ба нангу номуси шаҳри Турсунзода изҳор доштанд, ки «ҳамчун фарзанди арзандаи ин сарзамин талош менамоем, ки ҷашни фархундаи миллат — 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои беназир пешвоз гирем, азм дорем, шурӯъ аз остонаи хонаводаи хеш, кӯча, маҳалла, гузар, деҳа ва дар маҷмӯъ шаҳри азизамон – Турсунзодаро дастаҷамъона обод созем, тозагии мавзеъҳо, ҷуйборҳо, чашмаҳо, кӯчаву хиёбонҳоро таъмин намоем».

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 310 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.

То имрӯз дар шаҳри Турсунзода иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла сардхонаҳо, хатҳои оби нӯшокӣ дар ҷамоатҳои деҳот, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҳаммомҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво