16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Турсунзода то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 30 километр роҳҳо таъмири пурра мешаванд

198
Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ бунёди 382 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 322 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона идома доранд. Ҳамчунин дар баробари бунёди иншоот то рӯзи ин ҷашни фархунда 30 километр роҳҳои шаҳр аз таъмири пурра бароварда мешаванд.

Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки “имрӯзҳо дар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар арафаи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпеша ва саҳми аҳолию дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд. Аз ҷумла, муассисаи томактабӣ дар деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз ҷониби хоҷагидор Мақсуд Мамадҷонов, муассисаи томактабӣ, бинои муассисаи таълимӣ, иборат аз се ошёна бо 640 ҷойи нишаст, майдончаи варзишию иншооти ёрирасон дар назди ин муассиса дар деҳаи Ғайрати Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва дар назди Хонаи кӯдакон биноҳои таълимии Литсей-интернат барои хонандагони болаёқат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Тибқи маълумоти масъулин, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи томактабии деҳаи Аскаралӣ Мирзоев дар ошёнаҳои якуму дуюм ба итмом расида, насби дару тирезаҳо ва сақфи ҳуҷраҳо бо маром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша ва бо сифати баланд иҷро гардида истодаанд. Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Ғайрат ба охир расида, рангу бор ва пардози синфхонаҳо дар арафаи анҷомёбист. Бунёди майдончаи варзишӣ ва иншооти ёрирасони мактаб рӯзҳои наздик анҷом меёбад.

Фирӯз Холиқов зикр намуд, ки имрӯзҳо атрофи бинои Хонаи кӯдакони шаҳр ба корзори бузурги созандагӣ табдил гардидааст. Бо мақсади кумак ба сохтмончиён ва сари вақт мавриди истифода қарор додани биноҳои таълимӣ аз ҷамоатҳои деҳот ва якчанд ташкилоти дигари шаҳр ҷавонмардони бонангу номус ба ҳашар омада, дар кори андова намудани боми иншоот саҳм гузоштанд. Дар ҷараёни амали созанда ва кори хайр муовини якуми раиси шаҳр Сайдамин Остоназода иштирок намуда, ба ҳашарчиён аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр изҳори сипос намуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво