19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Турсунзода 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд

388
Ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди саноат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо дастгирии соҳибкорону сокинони шаҳр бунёди 398 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ба нақша гирифтааст, ки аз ин шумора 21 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, 32 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, 28 адад иншооти соҳаи варзиш, 34 адад марказҳои хизматрасонӣ ва дигар биноҳо мебошанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Турсунзода 21 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд
Тавре мудири бахши меъмории шаҳри Турсунзода Файзулло Раҳимов хабар дод, он яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, имрӯзҳо дар он 51 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд, ки дар иҷрои ҳадафи чоруми стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръати Тоҷикистон нақши асосӣ доранд.

Дар се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода 247 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода, то ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар 45 мавзеъ ба миқдори 130 километр роҳҳо таъмири асосӣ шуда, ҳамзамон сохтмони 6 пули мошингузар ба нақша гирифта шудааст.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво