25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони шаҳри Левакант 11 километр роҳро навсозӣ ва мумфарш намуданд

337
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 11 километр роҳи мошингузар бо харҷи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёду навсозӣ гардид. Ҳамчунин ба ин муносибат як гурӯҳ сокинони деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри мазкур низ бо ҷалби маблағҳои худӣ ва саҳми соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км мумфарш намоянд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, сохтмони роҳ 1 июли соли равон оғоз гардида, моҳи октябр анҷом ёфт. Ба бунёди роҳ 7 адад техникаи Муассисаи давлатии роҳҳои мошингарди шаҳри Левакант сафарбар гардида, 5 қубур ва 1 пул навсозӣ гардид. Ҳамзамон ба дарозии тамоми масофаи 11 км роҳи мумфаршгардида хатҳои уфуқӣ кашида шуданд.

Дар ифтитоҳи роҳи навбунёд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Левакант ва сокинон иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорони ватанӣ оилаи Соҳибовҳо ва алалхусус Шарифзода Маҳмадзариф барои ташаббуси ватандӯстона ва анҷоми кори хайр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.

Имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии садҳо км роҳҳо идома дорад. Ҳамаи ин бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво