26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз дар Бишкек мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 оғоз мешавад

148
Имрӯз дар Бишкек мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 оғоз мешавадИмрӯз, 10 апрел, дар Бишкек мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 оғоз мешавад, ки дар он дастаи миллии Тоҷикистон ширкат мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозиҳои минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 аз 10 то 12 апрел баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад.

Ҳарифи дастаи Тоҷикистон дастаҳои Афғонистон (10 апрел), Непал (11 апрел) ва Узбекистон (12 апрел) хоҳанд буд. Ду даста аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022

Минтақаи марказӣ ва ҷанубӣ. Гурӯҳи «В»

Даври 1

10 апрел (якшанбе)

10-00 — Узбекистон — Непал

13-00 — ТОҶИКИСТОН — Афғонистон

Даври 2

11 апрел (душанбе)

10-00 — Непал — ТОҶИКИСТОН.

13-00 — Афғонистон — Узбекистон

даври 3-ум

12 апрел (сешанбе)

10-00 — Узбекистон — ТОҶИКИСТОН

13-00 — Афғонистон — Непал

Эзоҳ: соати оғози бозҳо бо вақти Душанбе.

АКС: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво