19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶОМИ РУШД-2021». Футболбозони навраси тоҷик дар Минск дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунанд

193
«ҶОМИ РУШД-2021». Футболбозони навраси тоҷик дар Минск дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунанд Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2021», ки 5 феврал дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск оғоз шуда, то 14 феврал идома меёбад, иштирок мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барои ғолибият дар мусобиқа даҳ даста мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон вомехӯрад.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Беларус, Молдова, Баҳрайн, Узбекистон ва Исроил шомил шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар Минск

Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон, Исроил.

АКС аз ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво