29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФУТБОЛ. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

201
ФУТБОЛ. Ҳарифони мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 муайян шудандДар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола баргузор шуда, ҳарифони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муайян гардиданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки 1-19 июн дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, 16 даста ба 4 гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шуданд. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Арабистони Саудӣ, АМА ва Ҷопон бозӣ мекунад.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд. Агар дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба ¼-финал роҳхат гирад, бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С»– Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия вомехӯрад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.
Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.

АКС: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво