29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд

171
«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунандИмрӯз дар доираи Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки 25 март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфт, ки то 29 март идома меёбад. Дар бозии нахустини нимниҳоӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Уганда вориди майдон шуд ва вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар сӣ дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Уганда бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуд.

Дар бозии дигари даври нимниҳоии мусобиқа дар ҳамин рӯз дастаи мунтахаби Узбекистон дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳамин тариқ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам рақобат мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз-2022» бо ҳам қувва месанҷанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

Уганда — ТОҶИКИСТОН (1:1, силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:4)

Узбекистон — Қирғизистон (3:1)

29 март (сешанбе)

16-00 — ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

20-00 — Уганда – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.

АКС: ФФТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво