26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Мунтахаби Тоҷикистон барои ҷойи сеюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад

160
Дар Намангони Узбекистон 25 март мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар бозии нахустини ниманиҳоӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Уганда вориди майдон шуда, вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар си дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки дар он мунтахаби миллии Тоҷикистон аз яккачини Уганда бо ҳисоби 4:5 дучори шикаст шуд.

Дар бозии дигари даври ниманиҳоии мусобиқа дар ҳамин рӯз Узбекистон мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ мунтахабҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд. Мунтахабҳои Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз-2022» қувва месанҷанд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

25 март (ҷумъа)

Уганда — ТОҶИКИСТОН (1:1, силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:4)

Узбекистон — Қирғизистон (3:1)

29 март (сешанбе)

16-00 — ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

20-00 — Уганда – Узбекистон

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.



АКС: ФФТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво