30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

92,2 фоизи аҳолии Тоҷикистон бар зидди бемории коронавируси COVID-19 эм гирифтанд

92
92,2 фоизи аҳолии Тоҷикистон бар зидди бемории коронавируси COVID-19 эм гирифтандТо 27 март дар Тоҷикистон 5 миллиону 162 ҳазору 424 нафар, яъне 92,2 фоизи аҳолӣ бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 эм гирифтаанд. Инчунин бо вояи дуюми ваксина то санаи зикргардида 4 миллиону 900 ҳазору 199 нафар ё 87,5 дарсади шаҳрвандони кишвар фаро гирифта шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вояи сеюми ваксинаро то имрӯз 1 89 922 нафар ё 19,5 фоиз гирифтаанд. Имрӯзҳо сокинони кишвар бо масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тиббии маҳаллӣ муроҷиат намуда, ваксинаи зидди сироят мегиранд.

Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат ройгон гузаронида мешавад.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18 — сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво