29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Тоҷикистон бастаҳои нави ваксинаҳои «AstraZeneca» ва «Pfizer-BioNTech» ворид гардиданд

119
Шаби 14 ноябр дар доираи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 192 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» ва 117 ҳазор воя ваксинаи «Pfizer-BioNTech» ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Маври дикр аст, ки имрӯз ИМА тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои идомаи мубориза бо пандемияи COVID-19 аз 198 900 вояи ваксинаи Pfizer 117 000 вояро ба Тоҷикистон ҳадя кард. Боқимонда 81 900 воя ваксина ҳафтаи оянда интиқол дода мешавад. Ин тақдим ба 325 260 вояи ваксинаи Pfizer, ки моҳи сентябр ва 1,5 миллион вояи ваксинаи Moderna, ки дар моҳи июли соли 2021 расонида шудааст, илова аст.

Ҳамчунин субҳи имрӯз аз ҷониби Ҷумҳурии Латвия ҳамчун кумаки башардӯстона 60 ҳазор воя ваксинаи «AstraZeneca» вориди Тоҷикистон шуд.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаҳои мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.

Маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд ҷараён дошта, сокинон аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ дода буд, ба ҳолати 12 ноябр дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 758 ҳазору 384 нафар (47,3%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 265 ҳазору 815 нафар (38,9%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.

Ҳамзамон маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии шаҳри Душанбе 100,4% иҷро гардидааст.

АКС аз бойгонии маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво