28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

7 ноябр ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад

160
7 ноябр аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ворид карда мешавад, иттилоъ дод сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ба АМИТ «Ховар».

Ваксинаи мазкур ба унвони кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон ворид мегардад. То имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 миллиону 186 ҳазору 800 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шудааст.

Ҳоло шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо истифода аз «AstraZeneca»-и истеҳсоли Аврупо, «CoronaVac»-и чинӣ, «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech»-и ИМА ва «Спутник V»-и Русия аз ваксинатсия гузаранд.

То 3 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 777 ҳазору 812 нафар, яъне 46,5% шаҳрвандони мамлакат бар зидди бемории коронавируси COVID-19 ваксинатсия карда шуданд. Вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 155 ҳазору 634 нафар шаҳрвандон қабул намудаанд, ки 37%- ро ташкил медиҳад




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво