28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат

116
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат карда, онҳоро ба иҷрои ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, инчунин ба истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои қамъиятӣ даъват менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар муроҷиати Ситод, аз ҷумла чунин омадааст:

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки вобаста ба хуруҷи мавҷи нави бемории коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

Ба шаҳрвандоне, ки баъд аз сафар ба кишварҳои хориҷӣ вориди қаламрави Тоҷикистон мешаванд, тавсия дода мешавад, ки ҳатман аз ташхиси бемории сироятии коронавирус гузашта, новобаста аз ҷавоби мусбӣ ё манфии ташхис давоми даҳ шабонарӯз худро бе иртибот бо наздикону пайвандон, дар ҳуҷраи алоҳида ба муҳофизати тиббии бехатарӣ фаро гиранд.

Ҳамчунин дар ин шабу рӯзҳо вобаста хатари зиёди паҳншавию интиқоли бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ, тую хурсандиҳо ва маъракаҳои гуногунро бо иштироки шумораи ками одамон гузаронанд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.



Матолиби ҳамсон

Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво