25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя воксинаи «AstraZeneca» ворид гардид

184
Шоми 30 ноябр ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя ваксинаи «Астра зенека» бо мақсади фарогирии сокинон ба ваксинатсия ворид карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

То ба имрӯз ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 намуд ваксина дар ҳаҷми 6 миллиону 137 ҳазору 700 воя ворид гардидааст.

Аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 миллиону 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 590 ҳазору 545 нафар (44,5%) шаҳрвандони кишвар қабул намудаанд.

Мутахассисони соҳаи тиб таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемории сирояти коронавирус гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур ба шумор меравад. Аз ин рӯ аз сокинон даъват карда мешавад, ки барои гирифтани ваксинаи зидди сирояти коронавирус фаъол бошанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво