6 декабр 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

«Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он»

47
Ҳамасола бо пешниҳоди ТУТ дар ҷаҳон ҳафтаи умумиҷаҳонии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ (аз 18 то 24 ноябр) гузаронида мешавад.
Ба ин муносибат бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Авесто», дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон 19- уми ноябри соли 2021 мизи мудаввар таҳти унвони «Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.
«Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо  ва роҳҳои ҳалли он»
Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ хатари ҷиддии глобалӣ ба ҳисоб рафта, ба саломатии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Агар ба ин хатар вокуниши зарурӣ дода нашавад, пас сироятҳои оддӣ дубора ба ҳаёти ҳамарӯзаи аҳолии ҷаҳон таҳдид мекунанд. Дар консепсияи «Саломатии ягона» таъкид бар он меравад, ки ягон бахши ҷомеа дар танҳоӣ ин мушкилиро паси сар карда наметавонад.
Нақшаи миллии амал оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар асоси Нақшаи глобалии ТУТ таҳия гардида, дар самти устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ ҳамчун дастур барои иҷроиш аз тарафи ВТҲИА ҶТ пешниҳод гардидааст.
«Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо  ва роҳҳои ҳалли он»
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ ва беҳтарсозии дарки УДЗМ, беҳтарсозии назорат аз болои истифодаи доруҳои зиддимикробӣ, таъмини истифодаи асосноки доруҳои зиддимикробӣ, мониторинг ва баҳодиҳӣ ба истифодаи доруҳои зиддимикробӣ дар сатҳи КАТС мебошад.
Иштирокчиёни Мизи мудаввар намояндагони ВТҲИА ҶТ, Раёсати амнияти санитарию эпидемияологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббиии дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии санитарӣ-эпидемиологии ВТҲИА ҶТ, Хадамоти фармасевтии ВТҲИА ҶТ, намояндагони Раёсати тандурустии ш.Душанбе, роҳбарони муассисаҳои давлатии МСШ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ТУТ дар Тоҷикистон ва дигарон дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва ташвишовари тандурустии ҷомеа дар ҷаҳони муосир ин устувории доруҳои зиддимикробӣ мебошад.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар даҳсолаҳои охир УДЗМ хатари ҷиддии глобалӣ буда, ба саломатии ҷомеа тасири манфӣ мерасонад.
«Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо  ва роҳҳои ҳалли он»
Мувофиқи ташхис ва далелҳои Системаи глобалии назорати устувории доруҳои зиддимикробӣ (GLASS) 500000 нафар ба бемориҳои сироятии бактериалӣ дар 22 давлати ҷаҳон бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ рӯ ба рӯ шудаанд.
Ташхисҳои дигар нишон медиҳанд, ки паҳншавии устуворӣ ба яке аз доруҳои зиддимикробӣ «Ципрофлоксацин» дар табобати бемориҳои пешоброн, ки ангезандааш (кишечная палочка) чӯбчаи рӯда мебошад, аз 8% то ба 65% - ро ташкил медиҳад. Устуворӣ ба доруи зиддимикробии «Пенициллин» бошад, аз 0 то 51% - ро ташкил медиҳад.
Иштирокчиёни Мизи мудаввар ба сиёсатмадорон, кормандони сохторҳои КАТС, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмиллалӣ муроҷиат менамоянд, ки ба мушкилот ва эҳтиёҷоти муаммои ҷаҳонӣ- устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ таваҷҷуҳи махсусро зоҳир намуда, дар бахши амалисозии Нақшаи миллии амал оид ба мубориза бо устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дастгирӣ намоянд.
«Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, муаммоҳо  ва роҳҳои ҳалли он»
Иштирокчиёни мизи мудаввар дар анҷоми кори худ резолютсия қабул намуданд, ки муҳтавои аслии он чунин аст:
1. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба зарари қабули худсаронаи доруҳои зиддимикробӣ ба саломатии инсон.
2. Баланд бардоштани сатҳи дониши табибон оид ба «Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ».
3. Беҳтар намудани назорати табибон оид ба тавсияи доруҳои зиддимикробӣ ва истифодаи асосноки онҳо.
4. Дида баромадани чораҳои зарурӣ оид ба бе роҳхати табибон манъ кардани фурӯши доруҳои зиддимикробӣ дар дорухонаҳо.
5. Беҳтар намудани тастрасии ташхиси лабораторӣ барои муайян намудани «Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ».
6. Беҳтар намудани таъминоти лаборатории сохторҳои санитарӣ-эпидемиологӣ барои ташхиси «Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ» барои бемороне, ки дар сатҳи КАТС табобат карда мешаванд.


«РБ»







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво