25 январ 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар арафаи Наврӯз дар шаҳри Роғун коргоҳҳои истеҳсолию осоишгоҳ ба истифода дода мешаванд

480
Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун соли сипаришуда як муассисаи таълимӣ, 4 коргоҳи истеҳсолию фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, 3 майдончаи варзишӣ ва як ҳаммому сартарошхонаи замонавӣ ба истифода дода шуданд.

Тибқи нақша, имсол дар шаҳр дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ як адад осоишгоҳ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта, маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи истеҳсоли оби нӯшокии тоза бо иштироки меҳмонон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин нуктаро муовини якуми раиси шаҳри Роғун Исмоил Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода дар нишасти матбуотӣ доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати сари вақт расонидани кумакҳои аввалини тиббӣ ва таъминот бо доруҳои баландсифат гуфт, ки дар назди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунгоҳҳои тиббӣ ва як маркази саломатӣ бо фарогирии духтурони баландихтисос фаъолият доранд. Ин муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо беморхонаи марказӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун ба сохтмончиёни ин кохи нур сари вақт ва дар сатҳи баланд хизмати тиббӣ мерасонанд. Инчунин дар назди бунгоҳҳои тиббӣ ва маркази саломатии НБО «Роғун» зиёда аз 5 адад мошинҳои ёрии таъҷилӣ мавриди омодабош қарор доранд.

Зимни нишати матбуотии шаҳр гуфта шуд, ки соли 2019 агрегати дуюми НБО «Роғун» ба истифода дода мешавад. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани маросими ба истифодадиҳии агрегати дуюми неругоҳ дар шаҳри Роғун корҳои ободонию созандагӣ бо мароми тоза ҷараён доранд.

Имрӯзҳо баробари ба шаҳри Роғун ворид гардидан ва дидани биноҳои баландошёнаи замонавӣ, чароғонии кӯчаю растаҳо, асфалтпӯш шудани роҳҳо, ободонии фароғатҷойҳо, майдончаҳои солимгардонӣ ва гулу гулгаштҳо кас рӯҳу илҳоми тоза мегирад. Ин ҳама созандагиҳо ба ҳусни шаҳр зебоии дигар зам карда, онро чун шаҳри энергетикӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво