24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ САРАТОН. То 80 фоиз гирифторони чунин беморӣ метавонанд шифо ёбанд

118
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори саратон имрӯз бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ва дастгирии Фонди хайриявии «Лона» дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.

Дар ҳамоиш директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ, доктори илмҳои тиб Зафар Ҳусейнзода, директори Фонди хайриявии «Лона» Ҷурахон Бобохонов, корманди Фонди хайриявии «Лона» Дилором Ҳакимова, табибони марказ, кӯдакони аз бемории саратон шифоёфта ва падару модарони онҳо иштирок намуданд.
ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ САРАТОН. То 80 фоиз гирифторони чунин беморӣ метавонанд шифо ёбанд
Директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Зафар Ҳусейнзода иброз намуд, ки тибқи омори тиббӣ, ҳамасола дар ҷаҳон 400 ҳазор кӯдаки то 18-сола гирифтори бемории саратон мегарданд.

Ба зикри мавсуф, ташхиси саривақтӣ калиди табобати беморӣ ҳисобида мешавад. Агар беморӣ дар марҳилаи якум ва дуюм ба табобат фаро гирифта шавад, аксар вақт табобат натиҷаи хуб медиҳад. Вале, мутаассифона, қисми зиёди саратон танҳо дар марҳилаҳои сеюм ва чорум муайян карда мешавад, ки ин ҷараёни табобатро душвор мегардонад.

Шаклҳои гирифторӣ ба саратон зиёд буда, дар ҷаҳон 80 фоизи кӯдакони гирифтори бемории саратон зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ дар 2,5 фоиз бемории саратони кӯдакона дида мешавад.
ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ САРАТОН. То 80 фоиз гирифторони чунин беморӣ метавонанд шифо ёбанд
Ба андешаи мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳира Умарова, бемории саратон дар кӯдакон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Сатҳи фавти кӯдакон аз бемории саратон дар ҷаҳон пас аз марги кӯдакон дар садамаҳо дар ҷои дуюм қарор мегирад.

«Ҳоло тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ташхис ва табобати кӯдакони гирифтори саратон пешравиҳои зиёд ба назар мерасад. Дар даҳсолаи охир зинда мондани кӯдакон аз ин беморӣ бештар шуда, ҳоло то 80 фоиз гирифторони чунин беморӣ метавонанд шифо ёбанд»,-мегӯяд Моҳира Умарова. Соҳаи саратоншиносии мамлакат аз 5 маркази табобатӣ ва 40 кат барои кӯдакон иборат мебошад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 кӯдаки гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шуда, сол то сол дар байни кӯдакон ин беморӣ зиёд мегардад.

Сабабҳои асосии гирифторшавии кӯдакон ба бемории саратонро мутахассисон гуногун арзёбӣ менамоянд. Ба андешаи онҳо, беморӣ метавонад аз насл ба насл гузарад, дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд.

Нишонаҳои асосии саратон пайдошавии омосҳо, беҳолӣ, надоштани иштиҳо, баландшавии ҳарорати бадан то 37,6 дараҷа ва аз ин зиёд мебошад. Дар ҳолати пайдо шудани омосҳо дар бадани кӯдак волидайн ва табибони оилавӣ метавонанд онро муайян кунанд.

Директори Фонди хайрияи «Лона» Ҷурахон Бобохонов баён намуд, ки дар ҳақиқат саратон бемориест, ки табобати тӯлониро дар бар мегирад. Вале дар баробари ин табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ барои табобати ҳар як нафар кӯшиши зиёд менамоянд. Мақсади асосии Фонди хайриявии «Лона» расонидани ёрӣ ба кӯдакони гирифтори бемории саратон ва бунёди Маркази ягонаи кӯдаконаи саратоншиносӣ дар Тоҷикистон мебошад.

«Тайи 10 соли охир Фонди хайриявии «Лона» бо тақсимоти маводи зарурӣ, доруҳои кимиёвӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ ба кӯдаконе, ки дар шуъбаи кӯдаконаи саратоншиносии ҷумҳуриявӣ табобат мегиранд, саҳми назаррас мегузорад. Мо тасмим гирифтаем, ки оянда дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ кумакрасони эҳтиёҷмандон бошем», — гуфт Ҷурахон Бобохонов.

Ҳамчунин волидайни кӯдакони аз бемории саратон шифоёфта ба табибони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки бо заҳмати шабонарӯзии табибон фарзандони онҳо шифо ёфта, имрӯз дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи умумӣ таҳсил доранд ва худро солиму бардам эҳсос менамоянд.

Дар охир аз ҷониби Фонди хайриявии «Лона» ба кӯдакони аз бемории саратон шифоёфта туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, театри «Оина» намоиши ҷолиберо пешниҳоди онҳо намуд.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2002 15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон таҷлил шуда, беш аз 90 мамлакати дунё ҳамасола онро ҷашн мегиранд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво