18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон истеҳсоли оби нуқра ва истифодаи он бар зидди вирусҳоро ба роҳ монд

367
Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади пешгирии вирусҳо, аз ҷумла навъи COVID-19 дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра сохта, истеҳсоли оби нуқраро, ки хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ монданд. Ионҳои нуқра хусусияти муҳофизаткунанда дошта, бактерияҳои патогенӣ, вирусҳо, занбӯруғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ гузориш медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳониён бо вируси навъи COVID-19 даст ба гиребонанд, олимони тоҷик низ дар баробари табибон дар пайи ихтирову истеҳсоли маҳлулҳои зиддивирусиву зиддибактериявӣ заҳмат мекашанд. Гурӯҳи олимони тоҷик таҳти роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ дар муддати кӯтоҳ ин навбат ба истеҳсоли оби нуқра ва истифодаи он бар зидди вирусҳо шурӯъ намуданд. Дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра дар озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академия насб карда шудаанд. Дар ҳолати зарурат пеш омадан Академияи миллии илмҳо пурра имкон дорад, ки дар ҷумҳурӣ миқдори зарурии нанозарраҳои нуқраро ба сифати маводи зиддивирусӣ пешниҳод намояд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ мегӯяд, ки хосиятҳои зиддимикробӣ, антибактериявӣ ва зиддивирусии нуқра аз замонҳои қадим маълум мебошанд. Нуқра ба гурӯҳи металлҳои вазнини асил мансуб буда, ҳангоми дар об ҳал гардидани нанозарраҳои он, об муддати дуру дароз тозагии худро нигоҳ медорад. Хусусияти шифобахшии оби нуқра ба сохтори хеле мураккаби он вобастагӣ дорад. Нанозарраҳои нуқра хусусияти зиддимикробӣ дошта, на танҳо миқдори зиёди микроорганизмҳоро нобуд месозанд, балки ҷузъи муҳими бофтаҳои организмҳои зиндаро ташкил медиҳанд. Ҳангоми истифодаи маҳлулҳои иондори нуқра бактерия ва вирусҳои патогенӣ нобуд мешаванд.
[img=left][/img]

ДАР АКС: дастгоҳи ихтироъкардаи олимони тоҷик

Ба нақли олими тоҷик, тавассути омӯзиши реаксияи химиявии барқарорсозии нитратҳои нуқра исбот гардидааст, ки ҳангоми дар об ҳал гардидани хокаи нуқра нанозарраҳои он ҳосил мешаванд. Ин намуди маҳлули нуқра «нуқраи коллоидӣ» номида мешавад. Аз ин рӯ, ионҳои нуқра ва маҳлули коллоидии он маводи хеле самараноки безараркунандаи вирусҳо буда, ба организм таъсири манфӣ надоранд. Илова ба ин, ионҳои нуқра ҳамчун иммуномодулятор масунияти организмро баланд ва хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.

Ионҳои нуқра бисёр равандҳои физиологӣ ва биохимиявиро дар организмҳои зинда тақвият бахшида, фаъолияти муътадили ҳормону ғадудҳо, ҳароммағз, мағзи сар, ҷигар ва дигар узвҳоро таъмин месозанд. Оби нуқраро барои пешгирии бемориҳои зуком, стоматит, бруселлез, диққи нафас, артрит ва ғ. истифода мебаранд. Ғайр аз ин, хусусияти зиддимикробии оби нуқраро ба эътибор гирифта, онро барои безараргардонии ҷароҳат ва табобати сӯхтаниҳои гуногуни пӯст низ истифода мебаранд. Дар гузашта ҳам аҷдодони мо аз зарфҳои нуқрагин барои нигаҳдории об дар сафарҳои дур истифода мебурданд.

Ионҳои нуқра хусусияти ҳифзкунанда дошта, таъсири безараргардонии онҳо ба зиёда аз 650 намуди бактерияҳо исбот гардидааст. Ҷолиби диққат он аст, ки зери таъсири ионҳои нуқра бактерияҳои фоидаовар намемиранд, яъне дисбактериоз, ки ҳангоми табобат бо антибиотик ҷараён мегирад, дар ин ҳолат мушоҳида намешавад.

Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки агар хосиятҳои зиддивирусӣ, зиддимикробӣ ва бактериотсидии ионҳои нуқра ва нанозарраҳои он дар шакли коллоидӣ дар истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда шаванд, то ҷое хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.

Таҷрибаҳои озмоишӣ нишон доданд, ки матои функсионалие, ки ба воситаи маҳлули иондор ё дорои нуқраи коллоидӣ ба таври махсус коркард карда мешавад, хосиятҳои зиддивирусӣ пайдо мекунад.

Ба андешаи академик Фарҳод Раҳимӣ, технологияи коркарди матоъҳои функсионалӣ бо ионҳо ва маҳлули каллоидии нанозарраҳои нуқра аз он иборат аст, ки нанозарраҳои фаъол аз бофтаҳои матоъ ҷудо намешаванд ва хеле хуб ба он мечаспанд. Аз ин сабаб, ин гуна матоъҳоро барои истифодаи васеъ дар тиб барои дӯхтани хилъатҳо, ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва ғайра пешниҳод кардан ба манфиат хоҳад буд. Нанозарраҳои нуқра ҳангоми шустушӯ аз матоъ ҷудо намешаванд ва то 6 моҳ таъсири зиддимикробии худро нигоҳ медоранд.

Тавре дар суҳбат бо олимони тоҷик маълум гардид, алҳол Академияи миллии илмҳо имкон дорад, ки миқдори лозимии нанозарраҳои нуқраро ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод намояд. Барои ин дар қабати мобайнии ниқоб матои пахтагӣ ҷойгир намуда, онро ба оби нуқра коркард намудан зарур аст. Баъд аз коркард дар матои ниқоб нанозарраҳои нуқра нигоҳ дошта мешаванд ва чунин ниқоб хосияти зиддивирусиро доро мегардад. Аз тарафи дигар, муҳлати истифодаи ниқоб 2-3 маротиба зиёд мегардад, ки аз аҳамияти иқтисодӣ низ холӣ нест.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ба таваҷҷуҳи масъулини коргоҳу корхонаҳое, ки айни замон ба дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ машғул мебошанд, мерасонем, ки барои хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ пайдо намудани ниқобҳои муҳофизатӣ бо Академияи миллии илмҳо ҳамкории тарафайн ба роҳ монанд. Зеро ғалаба бо вируси навъи COVID-19 муборизаи дастаҷамъона ва фаъолияти босифату босамарро тақозо мекунад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво