6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«16 РӮЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ». Алайҳи хушунат бояд дастаҷамъона мубориза бурд!

912
Дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» дар доираи маъракаи байналмилалии «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар мавзӯи «Роҳҳои устувори иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»: мушкилот ва дурнамо» ҷамъомад баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат нисбат ба занон (25 ноябр) баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе», Муасисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад иштирокчиён фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе» дар самти коҳиш додани хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, тартиби равонасозии ҷабрдидагони зӯроварӣ ба ҳуҷраҳои барқарорсозӣ ва самтҳои асосии фаъолияти мутахассисон дар ҳуҷраҳои мазкур, роҳҳои устувори ҷалби духтарон ба таҳсилоти олӣ, омилҳои иҷтимоиву демографии зӯроварӣ дар оила ва пешгирии онро муҳокима намуданд.

Зикр шуд, ки оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат қарор дорад. Қабл аз ҳама, ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза бурд.

Бояд зикр намуд, ки маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» дар тамоми кишварҳо бо қарори махсуси СММ 25 ноябр оғоз шуда, 10 декабр анҷом меёбад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво