Дар Бохтар, Восеъ ва Муъминобод дар доираи 16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ барномаҳо доир шуданд
1111
Дар доираи 16 рӯзи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон аз тарафи шуъбаву бахшҳои занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бохтар, Восеъ, Муъминобод барномаҳои гуногун ва вохӯриҳо баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бахшида ба ин рӯз таҳти унвонҳои «16 рӯз бар зидди зӯроварӣ», «16 рӯзи бе хушунат», «Пайванди наслҳо», «Нест бод хушунат» дар миёни аҳли ҷамоат, муассисаҳои мактабӣ, занону духтарони фаъол, занони собиқадор ва аъзои шӯрои занони ноҳияҳо вохӯрию суҳбатҳо доир гардиданд. Дар вохӯриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон доир ба оилаву оиладорӣ ва касбу коромӯзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |