26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрўз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

262
Имрӯз бо иқдоми Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имрӯз намоиш-озмуни байналхалқӣ таҳти унвони “Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзоёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” дар толори бинои опера ва балети ба номи Сайдриддин Айнӣ баргузор гардид.
Имрӯз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

Дар кори намоиш-озмун мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, меҳмонон аз вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарон ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, собиқадорони соҳа, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода меҳмононро барои иштирок дар ин чорабинӣ хайрамақдам гуфт.
Ў қайд наммуд, ки мо ҳама хуб дарк мекунем, ки дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд.
Имрӯз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

Бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, маданӣ ва маишӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ба истифода дода шуд, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии Ватанамон мебошад.
Татбиқи амалии ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи имрӯза самараи истиқлолияти давлатӣ ва натиҷаи тадбиру талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари олам мубаддал гардонидаанд.
Мо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоем.
Имрӯз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Бисёр муҳим аст, ки мо анъанаҳои бойи миллии аз наслҳои гузаштаамон боқимондаро нигоҳ дорем, барои маҳфуз ва эмин нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангиамон диққати ҷиддӣ диҳем ва дар баробари ҳамаи ин барои тарбия ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд саҳм гузорем.
Эҷодиёти бойи миллӣ, таҷриба ва истифодаи усулҳои навини меъморони ҷумҳурӣ метавонад имконияти сохтмони биноҳои истиқоматии камхарҷ ва бо ҳузуру ҳаловатро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бор оварад ва ҳамзамон шаҳру ноҳия ва маҳалҳои худро зебо ва барои зиндагӣ муносиб гардонанд.
Зувайдзода М. Изҳори боварӣ намуд, ки ин намоишгоҳ дар мубодилаи ғояҳои нав ва рушди беҳтарин анъанаҳои миллии меъморӣ хизмат хоҳад намуд.
Имрӯз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

Сипас, ноиби президенти Иттифоқи меъморони Федератсияи Россия, котиби масъули МАСА, академик Воскресенский И.Н., ба сухан баромада, ҳозиринро бо баргузории чунин як чорабинии муҳим табрик намуд.
Баъд аз анҷоми суханрониҳо ҳама вориди бинои театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ гаштанд. Дар долони театр намоиш-озмуни XXIX байналхалқӣ: “Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзоёни иттиҳоди давлатҳои мустақил”, намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявӣ: “Беҳтарин асарҳои меъморӣ” ва форуми меъморони Тоҷикистон лоиҳаҳои ба озмун пешниҳод гардида ба намоиш гузошта шуда буданд.
Баъд аз тамошои намоишгоҳи мазкур дар толори театр дар доираи Нақшаи чорабиниҳои илмию амалӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ бахшида ба «Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ» Конференсияи байналмилалии “Масъалаҳои мубрами меъморӣ ва шаҳрсозӣ”, баргузор гардид.
Имрӯз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

Нимаи дуюми рӯз дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мастер-класс” барои дониҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи ак. М.С. Осимӣ бо иштироки Серик Рустамбеков-Раиси Иттифоқи меъморони шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Петра Арсич- профессор, академики Академияи Байналхалқии меъморон, ноиби президенти Иттифоқи меъморони Сербия баргузор гардид, ки хеле ҷолиб ва хотирмон буд.
Дар толори хурди Кумита бошад, ҷаласаи Шӯрои координационии Асотсиатсияи Байналмиллалии Иттифоқҳои меъморон (МАСА) баргузор гардид, ки дар он бо як овоз Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон Баҳром Юсупов Президенти он интихоб гардид.
Имрӯз дар Душанбе Форуми меъморон баргузор гардид

Намоиш-озмуни XXIX байналхалқӣ: “Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзоёни иттиҳоди давлатҳои мустақил”, намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявӣ: “Беҳтарин асарҳои меъморӣ” фардо 9 октябр дар театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҷамъбаст мегардад.
Д.Нурзода, “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво