6 декабр 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои ИДМ намоиш дода мешаванд

48
8-9 октябр дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор мегарданд, иттилоъ доданд аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи нахустини баргузории форум дар саҳни Театри опера ва балет намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявии «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ва намоиш-озмуни XXIX «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир мегарданд. Инчунин дар назар аст, ки дар ин рӯз доир ба мавзӯъҳои «Соли 2021- соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ» конференсия доир гардад.

9 октябр иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои «Дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар 30 соли истиқлолият ва рушди минбаъдаи соҳа», «Инноватсия дар омодасозии кадрҳои соҳаи меъморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, ҳамзамон ба беҳтарин асарҳои меъмории пешниҳодгардида ҷоиза дода мешавад.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво