5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли наватон муборак, дўстон!

462
Соли наватон муборак, дӯстон!
Соли 2019 барои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва меъморони эҷодкори ҷумҳурӣ, соли пурмаҳсул ва бобаракат буд. Дар соли ҷорӣ аъзоёни Иттифоқи меъморони Тоҷикистон дар бисёр чорабиниҳои меъмории сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои баланди эҷодӣ ноил гардиданд.
Чунончи меъморони тоҷик моҳи апрел дар Конгресси байналхалқии меъморӣ дар шаҳри Москва иштирок намуданд. Дар он зиёда аз 700 нафар меъморони барҷаста аз Руссия, Олмон, Италия, Швейцария, Дания, Туркия, Латвия, Қазокистон, Кирғизистон иштирок намуданд. Дар Конгресс банда бо маърӯзаи «Нақши санъати меъмории мамлакатҳои Шарқ дар рушди санъати меъмории ҷаҳонӣ» суханронӣ намудам. Баъд аз анҷоми Конгресс Сессияи навбатии бахши руссиягии Академияи Байналхалқии Меъморӣ баргузор гардид. Аъзоёни Раёсати Академия баргузории Конгрессро натиҷагирӣ намуда, маро, ки аз соли 2011 то ин дам аъзо-корреспонденти Академияи мазкур будам, хамчун аъзои ҳақиқӣ-академики Академияи Байналхалқии Меъморӣ интихоб намуданд.
Моҳи июн дар хамкорӣ бо Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон дар толори намоишии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон фестивали ҷумҳуриявии эҷодкорони чавон бргузор гардид. Беҳтарин асарҳои меъморӣ бо Дипломҳои тиллоӣ, нукрагин ва биринҷии Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.
Соли наватон муборак, дӯстон!
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи барномаи Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар солҳои 2019-2021, Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро баргузор намуд.
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри абадӣ гардонидани номи неки меъморони ҷумҳурӣ идома дода, моҳи октябр дар хамкорӣ бо Сафорати Федератсияи Руссия дар Маркази илм ва фарҳанги Руссия дар Тоҷикистон ба муносибати 105-солагии собиқ Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, меъмори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Веселовский Всеволод Глебович конференсияи илмӣ доир намуд.
Дар ин конференсия таклиф пешниҳод гардид, ки ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мурочият карда шавад, ки хизматҳои арзандаи В.Г.Веселовскийро, ки солҳои 1937-1939 аввалин нақшаи генералии шаҳри Хуҷандро (Ленинобод) тартиб дода онро солҳои 1963 ва 1979-1980 такмил дода рушди ҳудудии шаҳри Хуҷандро то соли 2005 пешниҳод намудааст, ба инобат гирифта, яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи меъмор Веселовский В.Г. гузошта шавад. Иттифоқи меъморони Тоҷикистон пешниҳоди мазкурро ба Раиси вилояти Суғд ирсол намуд.
Меъморони ҷумҳурӣ дар Намоиши лоиҳаҳои бехтарин, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ташкил гардид, бо лоиҳаҳои офаридаашон иштирок намуданд.
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон иди касбӣ- Рӯзи умумиҷаҳонии меъморонро рӯзи 7-уми октябр дар Хонаи меъморон хеле бошукӯҳ таҷлил намуд. Тамоми рӯз дар толори Хонаи меъморон филмҳо дар бораи беҳтарин иншооти бузурги меъмории сатҳи ҷаҳонӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Он рӯз беҳтарин меъморони ҷавон, ки ғолиби намоиш-озмуни меъморӣ дар Фестивали эҷодкорони ҷавон гардида буданд, ба аъзогии Иттифоқи меъморони Тоҷикистон қабул гардиданд.
Меъморони Тоҷикистон чун ҳарвакта дар Намоиш-озмуни байналхалқии бехтарин асарҳои меъмории мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолона иштирок намуданд. Дар қатори зиёда аз 200 лоиҳаҳои меъморони мамлакатҳои ИДМ ва Сербия лоиҳаи иншооти “Маҷмааи осоишгоҳ дар назди обанбори Қайроққум”(“Қароргоҳи ҳукуматӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд”), ки аз тарафи корхонаи лоиҳакашии “АРХПРОЕКТ”-и Иттифоқи меъморони Тоҷикистон (сармеъмори лоиҳа Примқулов Эркин Муҳитдинович, меъморон: Юсупов Б.Н. ва Юсуфзода Х.) иҷро шудааст, аз тарафи ҳакамони байналхалқӣ баҳои баланд гирифта, сазовори ҷои аввал ва Дипломи дараҷаи якуми Намоиш -озмуни байналхалқии меъморӣ гардид.
Иттифоқи меъморони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналхалқии Ҷоизаи байналхалқии Оғо Хон дар соҳаи меъморӣ фаъолона иштирок намуд ва дар натиҷа се меъмор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон -Юсупов Б.Н. Гулаҳмадов А. ва Юсуфов К.Х. ба тантанаи супоридани Ҷоизаи Оғо Хон, ки дар шаҳри Қазон баргузор гардид, даъватнома гирифтанд ва дар ин чорабиниҳои бошукуҳи байналхалқии меъморӣ, ки дар он меъморони номии Амрико, Аврупою Осиё ширкат варзиданд, иштирок намуданд.
Мо аз он фахр мекунем, ки дар соли 2019 меъморони точик – Мирзоева Фирӯза, Гулаҳмадов Амиршо ва Қурбонов Олим бо пешниҳоди Иттифоқи меъморони Тоҷикистон ва дастгирии Ассотсиатсияи Байналхалқии Иттифоқҳои Меъморон ба аъзогии Академияи Байналхалқии Меъмории (Бахши Федерацияи Руссия) қабул гашта, ба унвони Профессори Академияи Байналхалқии Меъморӣ сазовор гардиданд.
Соли 2020 барои Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон соли бисёр ҳалкунанда ва санҷишӣ хоҳад буд. Чунки дар ин сол мо бояд бисёр хуҷҷатҳои барои пешрафти соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҷумҳурӣ муҳимро омода созем ва соли 2021-ро, ки ҳамчун Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шаҳри Душанбе – Пойтахти фарҳангии ИДМ қабул карда шудааст, бо тайёрии хуб пешвоз гирем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам ҳамаи меъморон ва хонандагони «Рӯзномаи бинокорон”- ро аз самими қалб бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 табрик намуда, ба якояки онҳо умри дарози бобаракат, бахту саодат, саломатӣ ва дар корҳояшон бурдбориҳои беназирро орзу намоям.
Б.Н.Юсупов,
Раиси Иттифоқи меъморони
Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво