23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар шаҳри Хоруғ Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доир менамояд

424
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар шаҳри  Хоруғ Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ доир менамояд
20-21 сентябр дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ доир мегардад.

Намоишгоҳи мазкур бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ба иттилои Кумита, дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, лоиҳаҳои иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумии кандакорӣ, кошинкорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва ғайра муаррифӣ мегарданд.

Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо, мубодилаи таҷриба ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво