25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид

145
Имрӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 Намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории Намоиш-озмуни байналмилалӣ.

Дар кори намоиш-озмун ва форум мутахассисони соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарон ва кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, собиқадорони соҳа ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода аз талошҳои софдилонаи меъморони кишвар сухан намуда, иброз дошт, ки бо заҳмати сохтмончиёни ватанӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23 ҳазор иншоот, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ, маданиву маишӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ба истифода дода шуданд, ки ин ҳама саҳми арзанда дар рушди иқтидори иқтисодии кишвар ва ободии ватан мебошад.

Ба гуфтаи Раиси кумита, “мо бояд раванди созандагиву бунёкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаҳову захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имконияти воқеии кишварамон таъмин намоем”.

Форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар рӯзи аввали баргузории он дар толори Театри давлатии опера ва балет намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявии «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ва намоиш-озмуни XXIX «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.

Дар Душанбе Намоиш-озмуни байналмилалӣ ва Форуми меъморони Тоҷикистон оғоз гардид


Пагоҳ, дар рӯзи дуюми форум тибқи муқаррароти баргузории намоиш-озмуни XXIX байналхалқӣ: «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявӣ- «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ба беҳтарин асарҳои меъмории пешниҳодгардида ҷоизаҳо эъто мешаванд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво