28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд

672
Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд
Рӯзҳои 19-20-уми октябри соли равон дар толори барҳавои Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки зиёда аз 60 ташкилотҳои лоиҳакашӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии ботантанаи намоишгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, таъкид бар он дошт, ки дар идомаи ду- се соли охир бо саҳми назарраси меъморону бинокорони гулдасти ватанӣ шаҳру деҳоти вилоят куллан ба хубӣ тағйир ёфта, дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу варзиш ва хизматрасонӣ он қадар иншооти аз лиҳози тарҳу ороиш ва гуногун сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, имрӯз боиси ифтихор ва шодиву фараҳи мардум гаштаанд. Албатта, баргузории чунин намоишгоҳҳо дар чунин сатҳ бешубҳа, ба рушди соҳаи сохтмону меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба соҳа, муҳимтар аз ҳама, ҷалби ҷавонон ҷиҳати азхуд кардани тахассуси муҳандиси сохтмон, меъмору тарҳсоз мусоидат хоҳад кард.Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ҷамъомадагонро ба ин Намоишгоҳ хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки ин чорабинӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ, инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд
Ў изҳор дошт, ки дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд.
Дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди биноҳо ва иншооти нав сохта ба истифода дода шудаанд ва ин иқдом бомаром идома дошта, дар ҳаёти ҳар шаҳрванди диёри азизамон хотираҳои нек мемонад.Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра муаррифӣ карда мешаванд.
Ба таъкиди Аҳадзода Ҷ.Ҷ. ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд
Бисёр муҳим аст, ки мо анъанаҳои бойи миллии аз наслҳои гузаштаамон боқи мондаро нигоҳ дорем, барои маҳфуз ва эмин нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангиамон диққати ҷиддӣ диҳем ва дар баробари ҳамаи ин барои тарбия ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд саҳм гузорем,- иброз намуд Аҳмадзода Ҷ.Ҷ.
Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд
Эҷодиёти бойи миллӣ, таҷриба ва истифодаи усулҳои навини меъморони ҷумҳурӣ метавонад имконияти сохтмони биноҳои истиқоматии камхарҷ ва бо ҳузуру ҳаловатро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бор оварад ва ҳамзамон шаҳру ноҳия ва маҳалҳои худро зебо ва барои зиндагӣ муносиб гардонанд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои фаъолияти пурмаҳсулу самаранок ва саҳми босазою арзанда гузоштан баҳри рушди соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутахассисони соҳаро бо медалу ифтихорнома ва корхонаву ташкилотҳоро барои иштироки фаъолонаашон дар ин чорабинӣ бо сипоснома қадрдонӣ намуд.
Баргузории Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Аз фурсати муносиб истифода бурда, муаллими калони кафедраи меъморӣ ва дизайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, эксперти ғайриштатии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимов Қурбоналӣ , ки он рӯз ба сини мубораки 70 расиданд, иштирокчиёни намоишгоҳ- ҳамкасбон, дӯстон ва шогирдони устод самимона табрик намуданд.
Хотиррасон менамоем, ки ин сеюмин намоишгоҳест, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамояд. Қарор аст намоишгоҳи оянда дар шаҳри Хоруғ доир гардад.
Д.Нурзода,




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво