26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар оғози соли нави таҳсил ба ятимону маъюбони Шаҳринав либосҳои мактабӣ тақдим гардиданд

143
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар оғози соли нави таҳсил ба 58 нафар хонандагони ятиму маъюб либосҳои ягонаи мактабӣ тақдим шуданд.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори минтавқавии АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки дастгирии ятимону ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он кас барои дастгирии ин қишри ҷомеа ҳамеша ба мансабдорону соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин асос мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо саховатмандону эҳсонкорон ҳамкории зич ба роҳ монда, ниёзмандонро пайваста дастгирӣ менамояд.

Ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳия, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 15 бинои иловагии таълимӣ иборат аз 196 синфхонаи таълимӣ ба истифода дода шудаанд, ки вобаста ба ин бунёдкорӣ мушкилоти нарасидани ҷойи нишаст бартараф гардидааст.

Ҳамаи биноҳои сохташуда бо кабинетҳои фаннӣ таъмин буда, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин барои рушди соҳаи варзиш 5 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво