29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикобод 30 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо либоси зимистона таъмин гардиданд

285
Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба 55 оилаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия кумакҳои моддӣ расонида шуд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ҳамчунин дар ин рӯзҳо аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикистон» ба як қатор кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ кумак расонида шуд. Аз ҷумла ба 200 нафар ниёзмандон маводи ғизо, аз қабили орду равған, гӯшт, биринҷ, макарон, наск, нахӯд, лубиё ва ба 180 нафар 150 килограммӣ ангишт расонида шуд. Аз тарафи ин ташкилот 30 нафар хонандагони оилаҳои камбизоат аз синфи 1 то 4 бо либосҳои зимистонаи мактабӣ таъмин гардиданд.

Хотиррасон мешавем, ки дастгирии ятимону бепарастдорон ва ниёзмандони ҷомеа дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар арафаи ҷашну идҳо ба ин табақаи ҷомеа кумакҳои моддию пулӣ расонида мешавад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво