27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Рашт мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ бартараф мегардад

296
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як зумра иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою каҳвахона, чоҳҳои амудию хатҳои оби нӯшокӣ, хонаҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаннодӣ, нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав ва биноҳои хизматрасонии тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия 315 адад бинову иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 27 иншоот дар соҳаи маориф бунёд мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои масъулини бахши меъмории ноҳияи Рашт, то соли 2019 160 иншоот ба истифода дода шуда, дар соли 2020 25 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома дорад.

Муовини раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода иброз дошт, ки бунёди биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт асосан дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар шудани шароити таҳсил ва сифати таълиму тарбия роҳандозӣ шудааст, зеро солҳои охир бо афзудани шумораи хонандагон нарасидани синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки дар раванди корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги дар назди 6 муассисаи таълимии ҷамоатҳои деҳоти Қалъанак, Нусратулло Махсум, Қалъаи Сурх ва Ясман аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ барои 800 ҷойи нишаст бино ва синфхонаҳои нави таълимӣ бунёд шуданд.

Тибқи иттилои мудири бахши меъмории ноҳияи Рашт Саъдулозода Баҳром, бинои иловагии шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия бо таъмини таҷҳизотҳои замонавӣ ва 20 кат аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Инчунин 3 чоҳи амудӣ барои таъмини аҳолии деҳот бо оби нӯшокӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Руноби Ҷамоати деҳоти Аскалон, маркази савдо ва қаҳвахона, 5 хонаи истиқоматии иборат аз ду ҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ғарм, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаноддӣ дар деҳаи Ҳисораки Ҷамоати деҳоти Ясман ва нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бо саҳми соҳибкорони ватандӯст сохта ба истифода дода шуд, ки ин амалҳои хайр барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва фарохам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусоидат мекунад.
Мудири бахши кор бо ҷовонон ва варзиши ноҳияи Рашт Сайидакбар Давлатзода зикр намуд, ки сокинони ноҳия баҳри солимии фарзандони хеш дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 10 варзишгоҳҳои хурду бузургро бо саҳми худ ва соҳибкорони маҳалӣ бунёд намуданд, ки имрӯзҳо ҷавонони ноҳия он майдончаҳои варзиширо самаранок истифода намуда, дар мусобиқаҳои варзишии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво