Дар ноҳияи Лахш иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд
368
Дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Лахш бинои иловагии беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Қашот, тарабхонаи замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Пилдон ва насоси обкашии деҳаи Қашотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора сармеъмори ноҳияи Лахш Назиров Убайдулло ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, бинои иловагии беморхонаи минтақавии Қашот бо маблағи 120 ҳазору 309 сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои 4 ҳуҷра, 12 кат ва таҷҳизотҳои замонавӣ мебошад. Инчунин насоси обкашии деҳаи Қашот, ки солҳои тулонӣ корношоям буд, бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ таъмири пурра гардида, айни замон 240 хоҷагӣ бо оби нушокӣ ва полезӣ таъмин шуданд. Инчунин, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Искандаров Қаноатшо барои дар сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон мегузарад, тарабхонаи замонавӣ сохта дар арафаи ҷашни Ваҳдат ба истифода дод. Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 200 адад бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 100 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои боқимонда идома дорад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |