20 ноябр 2019, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Соҳибкорони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ ва масолеҳи пластикӣ месозанд

15
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бунёди як зумра иншооти таъйиноташон гуногун бо мароми баланд идома дорад.

Тавре аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, то соли 2021 дар ин ҷо бунёди 188 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 34 иншоот пурра сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Феълан дар ҳудуди ноҳияи Ш. Шоҳин бунёд ва навсозии 3 беморхона, 12 муассисаи таълимӣ, сохтмони қасри фарҳанг барои 455 ҷойи нишаст, 10 бунгоҳи тиббӣ, 4 толори варзишӣ, 10 дорухона, 11 майдончаи варзишӣ, 1 майдончаи бозии кӯдакон, 8 меҳмонхона, 25 маркази савдо ва хизматрасонӣ, сохтмони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, таъмири роҳ ба масофаи 24,3 км, сохтмони корхонаҳои саноатӣ, кашидани хати барқ дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Хайркорон, бунёди бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст, ки дар қисмате аз онҳо корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 3 ошёна ва бинои қасри фарҳанги ноҳия ба анҷом расидааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Ш. Шоҳин саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ дар самти ободкориҳо хеле зиёд аст. Аз ҷониби соҳибкорон Бурҳон Гулов сохтмони корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ, Хол Наботов- бинои мағозаи хӯроквории дуошёна дар маркази ноҳия, Сиёвуши Насриддин- бинои корхонаи коркарди масолеҳи пластикӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо мароми баланд идома доранд. Ҳамчунин аз тарафи соҳибкори дигари ноҳия Умар Алимадов бинои дуошёнаи замонавӣ барои ташкил намудани коргоҳи кандакорӣ аз чӯб дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷамоати деҳоти Доғистон ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки сохтмони низоми бо обтаъминкунии деҳаи Тошбулоқи Ҷамоати деҳоти Чагам ва деҳаи Чагами Поён аз ҷониби Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (Фонди Оғохон) ба истифода дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ноҳияи Ш. Шоҳин сохтмону навсозии иншоот дар ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод – 74 адад, Доғистон – 14 адад, Н. Маҳмудов – 30 адад, Даштиҷум – 26 адад, Чагам – 17 адад, Саричашма – 22 адад ва Лангардара – 5 адад ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбарияти ноҳия саъй дорад, ки то ҷашни 30–солагии Истиқлолият сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои трансформатор дар 32 деҳаи ҷамоатҳои деҳоти Доғистон, Шӯрообод, Даштиҷум, Лангардара ва Саричашмаро пурра навсозӣ карда, ба истифода диҳад.







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво