28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ятимони Хонаи кӯдакони шаҳри Турсунзода бо либосҳои варзишӣ таъмин гардиданд

212
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр либосҳои варзишӣ, пойафзол ва бастаи шириниҳо тақдим ва барояшон дастархони идона кушода шуд.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ҷиҳати риояи талаботи беҳдоштӣ дар муассиса аз ҷониби Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода тарбиятгирандагон ва кормандони муассиса бо ниқоб ва маводи зиддиуфунатӣ таъмин шуданд.

Сардухтури шаҳри Турсунзода Тоҷиддин Ятимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки “ятимони Хонаи кӯдакони шаҳр ба таври доимӣ зери назорати табибони беморхонаи марказӣ қарор дошта, аз табобату хизматрасонии ройгони тиббӣ бархурдор мебошанд. Чанд маротиба шуд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ муассисаро бо маводи безараргардонию зиддиуфунатӣ ва ниқобҳо таъмин менамоем”.

Ёдовар мешавем, ки дастгирии ятимону ниёзмандон яке аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он кас барои дастгирии ин қишри ҷомеа ҳамеша ба мансабдорону соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Дар ин асос мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо саховатмандону эҳсонкорон ҳамкории зич ба роҳ монда, ниёзмандонро пайваста дастгирӣ менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво