19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон

240
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав майдончаи варзишии болопӯшида ба истифода доданд.

Иншооти варзишӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Азиз Ғозизода бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳатии умумии майдонча 16 садяк заминро ташкил намуда, бо дарозии 43 ва паҳноии 23 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои соҳаи варзиш бунёд гардидааст.

Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд.

Феълан дар ноҳияи Шаҳринав 62 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 38 майдонча ба истифода дода шудаанд, ки ҷавонону наврасон аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Иншооти мазкур барои бозиҳои гуногуни варзишӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Ёдрас мешавем, ки бунёди майдонча ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам намуд, ки танҳо соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шаҳринав бо иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 27 медал, аз ҷумла 12 медали тилло ва 15 медали нуқра гарданд.

Зимни боздид аз шароити фароҳамгардидаи майдончаи варзишӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ҷавонону наврасонро ба истифодаи самараноки чунин имконоту шароити барояшон фароҳамгардида ҳидоят карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво