26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ҳафт моҳи соли равон дар Хатлон 1798 адад бинову иншоот ба истифода дода шуданд

128
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1798 адад бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 411 млн 651 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудаанд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Аз иншооти зикргардида 25 мактаб бо 224 синфхона барои 7149 ҷои нишаст, 1 адад муассисаи томактабӣ, 73 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 3 иншооти фарҳангӣ, 62 иншооти варзишию сайёҳӣ, 18 адад корхонаҳои саноатӣ, 3 адад сардхона, 3 адад фермаи парандапарварӣ, 2 фермаи чорводорӣ, 7 адад гармхона, 1366 адад манзили истиқоматӣ ва 1259 адад дигар иншоот мебошанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то 1 август дар 7680 адад бинову иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, ба истифода дода шуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво